- гарм
- [گرم]1. дорои дамои бештар аз дамои бадани инсон ё дамои муҳити атроф; боҳарорат, ҳароратдор; муқоб. сард, хунук (мас., оби гарм, ҳавои гарм); доғ, тафсон: оши гарм, бӯи хуши нони гарм; дами гарм а) нафаси ҳароратдор; б) маҷ. хӯроки гарми обдор, таоми одии обакӣ2. ҳароратдиҳанда: либоси гарм; на сарду на гарм мӯътадил (оид ба об, ҳаво); гарм омадан (-и ҳаво) аз меъёр зиёд будани гармии ҳаво (-и фасле)3. маҷ. пурҷӯшу хурӯш, самимӣ: сӯҳбатамон хеле гарм буд; гарму сӯзон (ҷӯшон) хеле боҳарорат, бо самимият4. маҷ. бомеҳр, бомуҳаббат, дилкаш: нигоҳи гарм, чеҳраи гарм; гарм кардан а) ҳарорат додан (мас., об, ош, хонаро), тафсондан; б) киноя аз барангехтани меҳри касе ба касе; рағбат пайдо кунондан (ба коре); дили касеро (ба коре) гарм кардан майлу рағбати касеро ба коре бедор кардан; гарм шудан а) тафсидан, ҳароратнок шудан; б) маҷ. пурҷӯшу хурӯш гаштан, авҷ гирифтан, равнақ ёфтан; ситорааш гарм одами дилкашу дилпазир; тани гарм тани зинда; одами зинда; гарм будан ба коре бо рағбати тамом машғул будан бо коре; гарми чизе будан (шудан) сахт ба коре машғул будан, саргарми коре будан; гарм тофтан а) хуб писанд афтодан; б) шинос намудан, аз ин пеш гӯё шинос будан; гарму сардро дидан неку бад ва сабукию сахтии зиндагиро аз сар гузарондан; гарму хунук кардан а) ҳарорати чизеро мӯътадил гардондан (мас., обро); б) маҷ. бо дуову ҷоду нисбат ба касе меҳру муҳаббат ё баръакс нафрату кароҳат барангехтан; бозори чизеро гарм кардан ривоҷу равнақ додан чизеро, авҷ гирондан кореро; бозори чизе гарм шудан ривоҷу равнақ доштан; серхаридор будани чизе; даст ба оби хунук (гарму хунук) назадан кореро иҷро накардан; меҳнат накардан; эркагӣ карда бекор гаштан; як об гарм кунанд… ягон маърака гузаронанд, ягон маросим барпо намоянд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.